Оқил Оқилов, нахуствазири Тоҷикистон аз шимоли мамлакат дидан кард.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз хадамоти матбуотии райиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, ҳадафи боздиди сарвазир қабл аз ҳама шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар як қатор иншоотҳо, аз ҷумла НОБ-и ҷамоати деҳоти Анзоб «Марзич», зеристгоҳи 220 кВт Хуҷанд – Айнӣ дар дашти Искандари ҷамоати Айнӣ, нақби Шаҳристон, маҷмааи варзишии «Дурдона»-и шаҳри Истаравшан, зеристгоҳи барқии Суғд - 500-и ноҳияи Ғончӣ, маҷмааи истироҳатии «Уқобча»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов, «Кохи матбуот», ҳавзи шиноварӣ ва майдони Исмоили Сомонӣ, силсилаи фаввораҳои шаҳри Хуҷанд буд.
Манбаъ афзуд, пас аз дидору шиносоӣ бо рафти корҳо дар ҳукумати вилоят бо ширкати Оқил Оқилов ва райиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ситоди вижаи мақомоту масъулин баргузор гардид. Зимнан, нахуствазири Тоҷикистон суханронӣ намуда гуфт, дар сатҳу сифати баланд доир намудани чорабиниҳои ҷашнӣ, иншооти бунёдшаванда, эътибор додан бо корҳои ободонӣ, беҳтар намудани шароити иҷтимоии шаҳрвандон, пардохти саривақтии музди меҳнат ва нафақа вазифаи аслии масъулини вилоят бояд бошад. Ҳамчунин, дар ин нишаст масоили омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, соли хониши нав, иҷрои нақшаҳои андозу пардохтҳои ҳифзи иҷтимоӣ, вазъи таъминот бо барқ, оби полезӣ, вусъати корҳои кишоварзӣ, бахусус кишти такрорӣ маврида баррасӣ қарор гирифтанд.
Маврид ба ёдоварист, айни замон дар вилояти Суғд бунёди 240 иншоот идома дорад ва аз ин шумул аллакай 81-тои он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. {jathumbnail off}
Мӯҳр