Имтиҳони дигари муҳоҷирон: Шаҳрҳои Русияро хуб медонед?
Анатолий Кучерен, узви Палатаи ҷамъиятии Русия, гуфтааст, тартиби кор барои муҳоҷироне, ки дар ин кишвар ронандагӣ мекунанд, сахттар шавад. Ӯ ба Вазорати нақлиёти Русия пешниҳод карда, ки аз муҳоҷирон дар бораи он ки оё роҳҳо ва шаҳрҳои ин кишварро хуб медонанд, имтиҳони иловагӣ бигиранд.
«Ронандагоне, ки аз кишварҳои дигар барои кор ба Русия меоянду ронандагӣ мекунанд, бояд шаҳр ва қоидаи ҳаракат дар роҳҳоро хуб донанд. Аз ин дониши онҳо ҳаёти муҳоҷирон низ сахт вобаста аст»,-гуфтааст Кучерен.
Ин ходими ҷамъиятии Русия мегӯяд, ба нишасти навбатии комиссияи ҳукуматӣ оид ба роҳу нақлиёт тарҳи чигунагии гирифтани имтиҳон аз ронандаҳои муҳоҷирро пешниҳод хоҳад кард. Ҳоло аз муҳоҷироне, ки ба Русия барои кор мераванд, аз забони русӣ имтиҳон гирифта мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |