«Мо ба ҳайати нави Комиссияи марказии интихобот шароити мусоиди корӣ фароҳам меорем»,- изҳор дошт, райиси қаблии ин ниҳод дар Қирғизистон Ақилбек Сариев.
Вай ин нуктаро зимни як нишасти матбуотӣ дар Бишкек субҳи имрӯз таъкид карда афзуд, ман дигар ба симмати райиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Қирғизистон фаъолият кардан намехоҳам.«Мо ба онҳое, ки дар ҳайати нави комиссия ба кор шурӯъ мекунанд, халал намерасонем, аммо манн гуфта наметавонам, ки мо ба истеъфо меравем»,- илова кард ҷаноби Сариев. Амали як ҳайат танҳо ҳамон вақт ба охир мерасад, ки тими нав ба кор сар кунад, ба ҷуз ин мӯҳлати интихоботи президентӣ дар кишвар низ наздик шуда истодааст. Аз ин рӯ то вақти муайян ва дар асоси қонун фаъолиятамонро идома медиҳем, ҷамъбаст кардааст Ақилбек Сариев. {jathumbnail off}
Мӯҳр