Боздошти қоҷоқбари симоби заҳрогин дар Душанбе

Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон дар истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе бо иттиҳоми фурӯши моддаи заҳрогини симоб, як сокини ноҳияи Конибодоми вилояти Суғдро дастгир кардааст.
Тавре Бобоҷони Шафеъ, сухангӯи Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ дод, ҳангоми боздошт аз дастгиршуда ба миқдори 500 грамми ин моддаи заҳрнок кашф ва мусодира гардид. Аз рӯи ин ҳодиса тибқи моддаи 206, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (муомилоти ғайриқонунии моддаҳои сахттаъсир ва заҳрогин бо мақсади фурӯш) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир мегӯяд симоб шомили моддаҳои заҳрогини хатарноки навъи аввал мебошад. Ҳарчанд нафас кашидан аз буғи симоб касро фавран намекушад, вале он амалан аз бадани инсон берун намеравад. Тибқи меъёрҳои санитарӣ-гигиенӣ нигаҳдории он дар минтақаи корӣ набояд аз 0,017 мг ба м3 бештар бошад. Ин ба он маъност, ки симоби аз як ҳароратнсанҷ хориҷшуда метавонад 10 млн метри мукааб ҳаворо заҳролуд кунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |