Кабирӣ гуфт, ҲНИТ дар интихоботи президентӣ иштирок мекунад

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), эълом кард, ҳизбаш дар интихоботи президентии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд, иштирок мекунад. Ин ҳарфҳоро ҷаноби Кабирӣ дар нишасти намояндагони аҳзоби сиёсӣ, рӯзи 12-уми март, дар Душане баён дошт.
Аммо ӯ гуфт, то ҳол рӯшан нест, ҳизбаш ба кадом шакл дар ин интихобот ширкат хоҳад ҷуст. Яъне бо номзади худ, ё бо пуштибонӣ аз номзадҳои дигар.
Сайидҷаъфар Исмонов, раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон, ки дар ин нишаст иштирок дошт, гуфт, ҳизби ӯ дар интихобот бо номзади худ ширкат меҷӯяд ва ин нафарро Анҷуман маълум хоҳад кард.
Суҳроб Шарифов, вакили парлумони Тоҷикистон, мегӯяд, дар интихоботи президентӣ барои Ҳизби халқӣ-демократӣ рақиберо намебинад. Ӯ дар шарҳи суханони худ гуфт, "ягон ҳизб дар ин сабқат бо ҲХДТ рақобати ҷиддӣ карда наметавонад. Зеро на ҲНИТ ва ҲУСДТ то имрӯз барномаи иқтисодии рушди Тоҷикистонро надоранд.”
Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократи Тоҷикистон зимни радди суханони Шарипов изҳор дошт, ки “ҲУСДТ таҳлил кардааст, ки Тоҷикистонро метавон дар давоми 6 моҳ пурра бо барқ таъмин кард.” Ҷаноби Зоировҳамчунин гуфт, дар сурате ки назорати тамоми қитъаҳои раъйдиҳӣ дар ихтиёри намояндагони ҳизби ҳоким аст, «иштирок дар ин интихобот маъно нахоҳад дошт». Қаблан ҷаноби Зоиров дар суҳбат бо «Озодагон» гуфта буд, ки талош хоҳад кард, то аҳзоби сиёсӣ бо номзади ягона вориди интихобот шаванд. Дар ҳоле ки Ҷунбиши миллӣ, як созмони сабтиномнашудаи сиёсӣ, ӯро номзади худ дар интихоботи президентӣ эълон кардааст.
Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон моҳи ноябри соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд. То кунун танҳо Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон гуфтааст, ки дар ин интихобот бо номзади худ иштирок мекунад ва ва ин номзад Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунӣ, хоҳад буд. Аҳзоби дигар ҳоло бештар рӯи он пофишорӣ доранд, ки қонуни интихобот ислоҳ ва ширкати намояндагони аҳзоби сиёсӣ дар ҳавзаҳои интихоботӣ ва қитъаҳои раъйдиҳӣ таъмин шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |