Рустамова боз президенти Ассосиатсияи олимпичиён шуд
Имрӯз, 12-уми март, дар қароргоҳи Кумитаи миллии олимпии кишвар, ҷаласаи генералии Ассосиатсияи олимпичиёни Тоҷикистон доир гардид, ки мавзӯи марказии он интихоби президенти ассосиатсия буд.
Тавре аз Кумитаи олимпӣ ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, зимни ҷаласа, ки бо иштироки котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Баҳрулло Раҷабалиев сурат гирифтааст, Зебунисо Рустамова бори дигар ба ҳайси президенти Ассосиатсия барои давраи соли 2013-16 интихоб гашт.
Зебунисо Рустамова, мураббии хизматнишондодаи Тоҷикистон, қаҳрамони мутлақи ҷаҳон дар соли 1975 дар Шветсария, барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии Монреал дар соли 1976, 3-карат каҳрамони ҷахон дар ҳайати тими Собиқ Иттиҳоди шуравӣ, 3-карат Қаҳрамони Аврупо, 15-карат Қаҳрамони Собиқ Иттиҳоди шуравӣ, 20-карат Қаҳрамони Тоҷикистон оид ба камонварӣ мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |