Як голи сарнавиштсози Мор Диуф
Мор Диуф, футболбози сенегалӣ, ки дар клуби «Суперспорт Юнайтед»-и Африқои Ҷанубӣ бозӣ мекунад, дар доираи мусобиқаи кишвари Африқои Ҷанубӣ аз нимаи майдони худ ба дарвозаи ҳариф - «Мамелоди Сандаунс» гол зад. Диуф дар дақиқаи 88-ум ҳисоби бозиро боз кард ва ҳамин тариқ дастаашро ба пирӯзӣ расонд (1:0).
Аз сабти навори ин дидор маълум аст, ки «Мамелоди Сандаунс» ба ҳуҷум мегузарад, аммо тӯбро аз назди майдончаи ҷаримавӣ бозигарони «Суперспорт Юнайтед» мегиранд. Диуф тӯбро соҳиб шуда, баъд аз чанд қадам ба маркази майдон нарасида, зарба мезанад ва ғайриинтизор он вориди дарвозаи ҳариф мегардад.
Диуфи 24-сола аз соли 2012 дар ҳайати «Суперспорт Юнайтед» бозӣ мекунад. Аз ин пеш вай дар «Маритсбург Юнайтед» бозӣ мекард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |