101 соли матбуоти тоҷик ва тақдими ҷоизаи Лоҳутӣ (Акс)
Ибодуллоҳи ТОҲИР
Маҳфили бахшида ба 101 соли таъсиси матбуоти тоҷик (чопи нахустин нашрияи тоҷикӣ -- "Бухорои шариф") бегоҳи рӯзи 11-уми март дар театри ба номи Абулқосим Лоҳутии шаҳри Душанбе баргузор шуд. Дар ин маҳфили идона хабарнигорон аз расонаҳои расмӣ ва мустақили кишвар иштирок доштанд.
Дар ин маҳфил Иттиҳодияи хабарнигорони Тоҷикистон барандагони ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутиро эълон карда, тӯҳфаҳояшро супорид. Имсол Беҳрӯзи Забеҳулло, Зафари Сӯфӣ, Саймурод Фаттоев, Илҳоми Ҷамолиён, Қаҳҳори Расулиён, Мансур Сайфиддинов, Давлатхоҷа Назиров, Гуландом Ашӯрова ва Гулчеҳра Сатторова барандаи ин ҷоиза шуданд.
Созмони журналистии "Хома" дар навбати худ нашрияи "Имрӯз Нюс"-ро "Рӯзномаи сол" ва Нуралӣ Давлатро "Хабарнигори сол" эълон карда, ба онҳо ҷоизаи таъсисдодаашро супорид. Инчунин, вазири фарҳанги Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ дипломҳои Вазорати фарҳангро ба бархе аз қаламкашон тақдим кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |