Атобек Гулмамадов: “Наркобарон” ё бачаи одии кӯҳистон?

Ҳумайрои БАХТИЁР
Пайвандони Атобек Гулмамадов, ки аз ҷониби мақомоти Русия яке аз калонтарин “наркобаронҳо” арзёбӣ мешавад, иттиҳомот алайҳи ӯро сохта ва беасос медонанд.
Гулчеҳра Гулмамадова, хоҳари Атобек Гулмамадов, дар сӯҳбат бо хабаргузории “Озодагон” “наркобарон” тасвир шудани бародарашро аз ҷониби мақомоти Русия ғайривоқеӣ донист. Ӯ гуфт, “бародарам дар Русия оиладор шуда, дар ҳамон ҷо зиндагӣ мекард. Соле як бор ба дидорбинии падару модари пирам ба Тоҷикистон омада, муддате дар Ишкошим ва муддате дар Душанбе ба сар мебурд. Инчунин, тиҷорати худро дошт. Одатан аз Дубай ба Душанбе мошин оварда савдо мекард. Дар Душанбе муштариёни доимӣ дошта, бо фармоиши онҳо мошин меовард. Муддате, тақрибан солҳои 2009-ум, ба тиҷорати орд низ машғул буд.”
Гулчеҳра Атобекова дар идомаи суҳбат бо “Озодагон” афзуд, “ҳар касе, ки Атобекро нашиносад шояд ба навиштаҳои расонаҳои русӣ бовар мекунад, вале ҳақиқат ин тавр нест. Ӯ чӣ гуна «наркобарон»-и калон будааст, ки ҳеҷ моликияти арзишманде надорад. Падару модараш дар як кулбаи фақирона дар як деҳаи дурдасти ноҳияи Ишкошим ба сар мебаранд.”
Озодагон: Аммо бино ба иттилои расонаҳои Русия бародари Шумо дар Дубай ду хонае дорад, ки ҳар кадомашон 300 ҳазор долариянд...
Гулчеҳра Гулмамадова:"Не, Атобек онҷо иҷоранишин буд. Инро дӯстонаш метавонанд тасдиқ кунанд. Атобек таърихи 8-уми декабри соли гузашта аз Душанбе ба Дубай рафт. Ӯ дар ин авохир майли фаъолият ва зиндагӣ дар Дубайро дошт. Ба гуфтаи ӯ дар Дубай зиндагӣ назар ба Душанбе осонтар, зеро онҷо маҳсулот арзон аст. Барои ҳамин, ӯ тасмим дошт, дар Дубай як хона иҷора гирифта, нуқтаи мошиншӯйӣ таъсис диҳад..."
Дар ҳамин ҳол наздикони Атобек Гулмамадов аз он нигаронанд, ки бо вуҷуди гумонбар будани Атобек имрӯз мақомот ва ҷомеаи Русия ба номи ӯ ҳамчун ҷинояткор ва наркобарони калон муҳр задаанд.
Ахиран Ренат Курамшин, масъули Хадамоти федеролии мубориза бо маводи мухаддири Русия, зимни баромадаш дар барномаи телевизионии “Русия-1” мақомоти Тоҷикистонро ба пуштибонӣ аз Атобек Гулмамадов, ки бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дар Дубай боздошт шуда буд, айбдор кард. Курамшин гуфт, Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз истирдоди Гулмамадов ба Русия ба мақомоти Дубай нота фиристодааст: “Дар нотаи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон тақрибан омадааст, ки Гулмамадовро дар Русия шиканҷа, таъқиби беасоси ҷиноӣ ва ғасби амвол интизор аст.”
Курамшин ин дархости Вазорати умури хориҷии Тоҷикистонро далели он донистааст, ки созмонҳои калони ҷиноӣ ва нашъаҷаллобоне амсоли Гулмамадов дар зинаҳои болоии ҳукумати Тоҷикистон пуштибонҳо доранд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ин масъули Хадамоти зидди маводи мухаддир, собит шудааст, Гулмамадов узви шабакаи байналмиллалии қочоқи маводи мухаддир аст ва шахсан интиқоли тақрибан 400 кило ҳероинро ба Русия роҳбарӣ кардааст.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо пахши изҳороти расмӣ эълон кард, ки барои ҷилавгирӣ аз истирдоди Атобек Гулмамадов ба Дубай ягон хел нота ва дархости хаттӣ ё шифоҳӣ ирсол накардааст. Ин ниҳод мегӯяд, дар пайи муроҷиати шаҳрвандони Тоҷикистон – волидони Гулмамадов, танҳо сафорати Тоҷикистон дар Абу Дабӣ бо ирсоли нома аз мақомоти Дубай хоҳиш кардааст, ки дар бораи сабабҳои боздошт ва ҷойи нигоҳдории Гулмамадов иттилоъ диҳанд. Ба гуфтаи Вазорати умури хориҷӣ, он иттилое, ки муфаттиши рус, Ренат Курамшин, аз телевизиони ин кишвар эълон кард, дар нота инъикос наёфтааст.
Атобек Гулмамадови 39-сола, ки шаҳрвандии Тоҷикистону Русияро дорад, моҳи декабри соли гузашта аз ҷониби Интерпол дар Дубай боздошт шуда, рӯзи 7-уми феврали соли равон ба Русия таслим гардид. Акнун дар сурати исботи гуноҳҳои пешгузоштаи мақомоти рус, Гулмамадовро дар ин кишвар ҳабси абад интизор аст.
Ҷузъиёти қазияи Атобек Гулмамадовро дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “Озодагон” пайгирӣ кунед.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |