“40 соли мубориза...”-и Абдуқаюми Қаюмзод аз чоп баромад

Китоби хабарнигори шинохтаи тоҷик, Абдуқаюми Қаюмзод, бо номи “40 соли мубориза, муқовимат ва талошҳо” аз тариқи “Нашриёти Бухоро” рӯи чоп омад. Ин китоб ба чиҳилсолагии таъсиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) бахшида шудааст, ки моҳи апрели соли ҷорӣ аз он таҷлил хоҳад шуд.
Ин китоб, ки бо теъдоди ҳазор нусха рӯи чоп омадааст, маҷмӯи мақолаҳо ва мусоҳибаҳои Абдуқаюми Қаюмзод бо афроди баландпояи ҲНИТ, аз ҷумла муассисону раҳбарони он Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, Муҳаммадшариф Ҳимматзода, Давлати Усмон, Сайидумар Ҳусайнӣ, Сайидиброҳими Назар, Муҳиддин Кабирӣ ва дигаронро дар бар мегирад. Ин суҳбату мақолаҳои муаллиф дар солҳои мухталиф дар нашрияҳои даврии Тоҷикистон -- “Чароғи рӯз”, “Фараж”, “Миллат”, “Oзодагон” ва ҳамчунин торнамои Радиои Озодӣ мунташир шудаанд.
Пешгуфтори ин китобро Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик ва докторанти Донишгоҳи Базели Швейтсария навиштааст. Вай дар навиштаи худ таъкид мекунад, "дар ин китоб маълумоту далелҳои зиёде оид ба таърихи истиқлолияти кишварамон ҳам оварда шудааст. Бисёре аз маълумоти ҷамъовардашуда то нашри китоби мазкур барои ҷомеаи мо номаълум ва норавшан буданд. Хотираҳо ва ёддоштҳои шахсони ҳамсӯҳбат ҷолибу мароқангез баён гардида, ба ҳаводиси замони ҷанги шаҳрвандӣ ва нооромиҳои солҳои 90-ум рӯшанӣ меандозанд."
Абдуқаюми Қаюмзод мегӯяд, ин китобро бо ҳимояти молии Ҳоҷӣ Нуриддин Маҳкамов, раиси ширкати «Бахт», чоп кардааст. Ин китоби Абдуқаюми Қаюмзод дар ҳоле нашр шуда, ки чанде пештар Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз додани шаҳодатнома барои фаъолияти ӯ дар Радиои Озодӣ худдорӣ кард. Ҳарчанд раҳбарияти радио бо ирсоли як нома хостори тавзеҳи ин амали вазорат шуд, вале то ҳол посухе дарёфт накардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |