Таронаи пурбинанда ва сербаҳси Садриддини Наҷмиддин
Таронаи нави Садриддини Наҷмиддин, овозхони маъруфи тоҷик, бо номи «Гулнор», ки бо лаҳҷаи теҳронӣ иҷро шудааст, дар сайти Radiojavan бинандагони зиёдеро ҷалб кардааст. То кунун бештар аз 248 ҳазор нафар ин видеоро дидаву 866 кас ҳам ба он «лайк» гузоштаанд.
Аксари бинандагони ин торнамо, ки форзсизабонанд, аз ин таронаи Садриддини Наҷмиддин хуб истиқбол намудаанд. Бархе аз бинандагон ҳам дар поёни ин навор назари худро баён доштаанд. Аз ҷумла, Аҳмадризо Ризоӣ навиштааст, «бо лаҳҷаи ширини тоҷикӣ метавонист ширинтар ва роҳаттар бихонад.»
Ин бори аввал нест, ки Садриддин бо лаҳҷаи теҳронӣ тарона иҷро мекунад. Дар гузашта низ Садриддин чанде аз таронаҳояшро бо лаҳҷаи теҳронӣ иҷро кардааст, ки онро тавассути телевизионҳео назири PMC намоиш додаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |