Peugeot ба Қазоқистон меояд
Дар Қазоқистон тавлиди автомобили сабукрави навъи «Peugeot» ба роҳ монда мешавад.
Тавре хадамоти матбуотии ширкати PSA Peugeot Citroën иттилоъ медиҳад, барои роҳандозии истеҳсоли мошини ин ширкат бо «АгромашХодинг»-и Қазоқистон аллакай созишнома ба имзо расидааст.
Ба иттилои манбаъ, қарор аст, ин ширкат дар аввал тавлиди автомошинаҳои навъи Peugeot 301, Peugeot 308, Peugeot 508 ва Peugeot Partnerро ба роҳ монад. Ин ширкат ният дорад соле дар Қазоқистон ба ҳисоби миёна 4 ҳазор автомошина истеҳсол намояд ва дар оянда ин теъдодро ба 10 ҳазор расонад.
PSA Peugeot Citroën тасмим гирифтааст, баробари мошинҳои истеҳсоли маҳаллӣ ба бозорҳои Қазоқистон навъи Peugeot 408, ки дар шаҳри Калугаи Русия тавлид мешавад, ворид кунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |