Зуҳуров аз хабарнигорон хост, дар арафаи интихобот “дақиқкор” бошанд
Шукурҷон Зуҳуров, раиси парлумони Тоҷикистон, дар арафаи интихоботи президентии соли 2013 хабарнигорони тоҷикро ба дақиқкорӣ хонда, таъкид намуд, ки аз афзоиши баҳсҳои додгоҳӣ наҳаросанд.
Зуҳуров, рӯзи 11-уми март, зимни як мулоқот тамоми хабарнигорони Тоҷикистонро бо “Рӯзи матбуоти тоҷик” табрик гуфта, таъкид намуд, ки раванди ба додгоҳ кашидани расонаҳо, ки вақтҳои охир дар Тоҷикистон зиёд шудааст, набояд боиси нигаронӣ ва ҳарос гарданд. Ӯ ин равандро як падидаи муқаррарӣ гуфта, дақиқкории расонаҳоро муҳим арзёбӣ намуд.
Дар Тоҷикистон ахиран ба додгоҳ кашидани расонаҳо афзоиш ёфта, парвандаҳо алайҳи хабарнигори оҷонсии “Тоҷнюз” ва рӯзномаи “ИмрӯзNews” айни ҳол мавриди баррасӣ қарор доранд. Коршиносон қазияи ба додгоҳ кашидани расонаҳоро ба интихоботи раисиҷумҳур дар моҳи ноябри соли равон рабт дода, ҳадафи онро гапдаро кардани расонаҳо дар арафаи ин маъракаи муҳими сиёсӣ арзёбӣ мекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |