Чин барои Тоҷикистон 30 квота ҷудо кардааст
Нуриддин Саидов, вазири маорифи Тоҷикистон, бо сафири Чин дар Душанбе, Фан Сянжун масоили густариши ҳамкориҳоро дар соҳаи маориф баррасӣ кардаанд.
Тавре аз Вазорати маорифи Тоҷикистон ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, Фан Сянжун ба Нуриддин Саидов мужда расондааст, ки Чин имсол барои таҳсили шаҳрвандони тоҷик 30 квота ҷудо намудааст. Сафир қайд кардааст, ки “то ин муддат шаҳрвандони тоҷик барои забономӯзӣ ва коромӯзӣ дар риштаҳои бакалавр, аспирантура ва курсҳои тайёрӣ фиристода мешуданд. Акнун, ки аз рўйи ихтисоси муайян фиристода мешаванд, бояд дар мадди аввал истеъдод, дониш, забондонӣ ва хоҳиши худи иштирокдорон ба эътибор гирифта шавад.”
Тибқи иттилои вазорати маориф дар доираи созишномаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи маориф миёни Тоҷикистон ва Чин дар соли 2011-2012 дар курсҳои яксолаи такмили ихтисос ва бозомўзӣ 85 нафар ва дар риштаи бакалавр 5 нафар ба таҳсил фиристода шуда буданд. Дар соли таҳсили 2013-2014 бошад, аз ҷониби Ҷумҳурии халқии Хитой 92 квота (5 ҷой барои таҳсилоти 4-сола-бакалавр, 18 ҷой барои аспирантура ва коромўзии 1-сола, 60 ҷой барои курсҳои яксолаи коромўзӣ ва такмили ихтисос, 9 ҷой тибқи квотаҳои ҷудонамудаи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай) барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии халқии Хитой ҷудо гардида буд. Тибқи иттилои бахши рушди барномаҳои таҳсилоти байналмилалии Вазорати маориф аз соли 2008 то имрўз дар ин кишвар 285 нафар шаҳрванди Тоҷикистон тибқи квота таҳсил менамоянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |