Алӣ Акбар Солеҳӣ ба Душанбе меояд
Вазири корҳои хориҷии Эрон иштироки худро дар нишасти XI-уми вазирони корҳои хориҷаи Созмони ҳамкории Осиё (ACD) дар шаҳри Душанбе, таъйид кард.
Алӣ Акбар Солеҳӣ, вазири умури хориҷии Эрон, дар суҳбат бо хабаргузориҳои кишвараш тасдиқ кардааст, ки 29-уми март дар ҷаласаи XI-уми вазирони корҳои хориҷаи Созмони ҳамкории Осиё (ACD) дар шаҳри Душанбе ширкат ҳоҳад кард.
ACD, ки 32 кишвари Осиёро дар бар мегирад, соли 2002-юм бо ташаббуси Тайланд созмон дода шуд. Ниҳоди олии раҳбарикунандаи ин созмон Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷаи кишварҳои аъзо мебошад, ки ҳар сол баргузор мегардад.
Тоҷикистон 5 июни соли 2006 дар Қатар ба ADC пайваст. Дар доираи ин созмон 20 барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ва бехатарии энергетикӣ, технологияи информатсионӣ, нақлиёт, хоҷагии қишлоқ, ҳифзи муҳити зист, туризм, рушди тиҷорати хурду миёна таҳия ва татбиқ мегарданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |