Мегафон: Молики иттилои бештар – молики дунё аст
Ширкати “Мегафон-Тоҷикистон”, яке аз пешсафони бозори алоқаи мобилии кишвар, имрӯз 11-уми март, бо ирсоли нома ба идораҳои ВАО тамоми рӯзноманигоронро бо “Рӯзи матбуоти тоҷик” табрик кардааст.
Дар номаи табрикотии “Мегафон” аз ҷумла омадааст: “Инсоният дар ҳар марҳилаи такмили худ бо кунҷковии комил ва шавқу рағбат нисбати хабарҳои нав фарқ мекард. Имрӯз ин раванд аҳамияти бештарро касб кардааст. Дар асри рушди технологияҳар нафаре, ки дорои иттилооти бештар аст - ӯ молики дунё ба ҳисоб меравад! Яъне, нақши хабарнигорон дар ҷаҳони муосир хеле боло арзёби мешавад. Афзоиши сатҳи боварӣ нисбати кормандони ВАО низ тасодуфи нест. Таманнои онро дорем, ки ҳамеша сазовори боварии миллионҳо одамоне бошед, ки маълумотро аз рӯзномаҳо, маҷаллаҳо, интернет-порталҳо ва ТВ ба даст меоранд. Доимо боғайрат ва воқеъбин бошед! Бигзор шавқу рағбати шумо нисбати донишҳо ҳаргиз кам нагардад!”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |