Дастаи Тоҷикистон дар Эрон ҷойи дуюм гирифт
Варзишгарони тоҷик аз мусобиқаи Осиё оид ба каратедо-киёкушинкай, ки дар шаҳри Осторои Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид, 4-медали тилло, 3-нуқра ва 8-нишони биринҷӣ ба даст оварданд.
Тавре Муродалӣ Тешаев ба хабаргузории "Озодагон" иттилоъ дод, мусобиқаи мазкур рӯзҳои 7-8-уми марти соли равон баргузор гардид, ки дар он варзишгарони 11-кишвари Осиё ширкат доштанд. Манбаъ афзуд, ҳайати тими Тоҷикистонро 26 нафар варзишгар, 4 мураббӣ таҳти роҳбарии Ҳикматулло Кароматов, президенти Федератсияи киёкушинкай ташкил медод.
Дар ҳайати даставӣ тими Ҷумҳурии Исломии Эрон бо бештари медалҳои зинаи аввал ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷои дуюмро касб кардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |