Дар метрои Маскав шаш муҳоҷири тоҷикро захмӣ карданд
Мақомоти пулиси ноҳияи Ясеневои Маскав аз рӯи ҳодисаи ҳамла ба муҳоҷирони тоҷик дар метрои ин шаҳр парвандаи ҷиной боз кардаанд.
Ин ҳамла ба иттилои Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ахиран дар истгоҳи метрои «Теплий стан»-и шаҳри Маскав сурат гирифт, ки дар натиҷа 6 шаҳрванди Тоҷикистон ҷароҳат бардоштанд. Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон хабар доданд, инҳо -- Назришо Шерови 30-сола, Ҷӯрабек Жоғаракови-38 сола, сокинони ноҳияи Ванҷ, Манучеҳр Некқадамови 25-сола, сокини ноҳияи Шуғнон, Мустафо Ғафурови 21-сола, ва Рустам Мисқолови-26 сола, сокинони шаҳри Норак мебошанд.
Манбаъ афзуд, айни ҳол 4 нафараш аз ин афрод дар беморхонаҳои №7 ва №64 бистарӣ буда, ба ҳаёти онҳо таҳдиде вуҷуд надорад. Зимни сӯҳбат яке аз ҷабрдидагон Мустафо Ғафуров ба корманди намояндагии Хадамоти муҳоҷират гуфтааст, шахси номаълум бо истифода аз олоти худсози бурандаи хурд ҳангоми ба истгоҳи метро ворид шудан, ба ӯ зарба задааст. Ду муҳоҷири маҷрӯҳи дигар дар беморхонаи ба номи Склифасовскии шаҳри Москва қарор доранд.
Ба иттилои Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, осебдидагон дар корхонаи сохтмонии «ЧРИА-Гора», воқеъ дар хоҷагии «Коммунарка»-и наздикии шаҳри Маскав ба сифати сохтмончӣ кор мекарданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |