Депутатҳо ба шаҳрдор (мэр): "Се моҳи дигар муҳлат доред..."
Гуруҳи бузурги вакилони шаҳри Бишкек, маркази Қирғизистон, ба мэр ё шаҳрдори он барои рафъи камбудҳояш то моҳи июл муҳлат додаанд. Онҳо дар нишасти Маҷлиси шаҳрӣ аз шаҳрдори Бишкек тақозо кардаанд, ки дар тӯли се рӯз бархе аз афрод, аз ҷумла муовини шаҳрдор В. Красиенко, раҳбари идораи зиддимонополӣ ва раиси идораи сохтмонҳоро аз мақомашон барканор кунад.
Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» Аманбай Кайыпов, вакил аз Ҳизби сотсиал демократи Қирғиистон хабар дод. Ӯ гуфт, ба худи шаҳрдор то моҳи июли соли ҷорӣ муҳлат дода шудааст, ки дар бораи сарфи маболиғи буҷа дар соли 2012 ба вакилон гузориш диҳад.
Дар сурати иҷро нагардидани ин талабҳо, вакилон гуфтаанд, беэътимодии худро нисбат ба шаҳрдор баён хоаҳнд кард. «Мо ба ҳар ҳол, ба шаҳрдор муҳлат додем, ки тамоми камбудҳояшро то якуми июл бартараф кунад»,-гуфт Кайыпов.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |