Бахшҳо

Шикасти мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон аз Эрон бо ҳисоби 7:1

Дастаи мунтахаби духтаронаи футболи Тоҷикистон (U-14) дар даври охирини мусобиқаи қитъавӣ дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ аз мунтахаби духтаронаи Эрон бо ҳисоби бузурги 7 бар 1 шикаст хӯрд.

Дар мусобиқаи қитъавӣ дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, ки дар шаҳри Коломбо то 10-уми март идома кард, дар он дастаҳои духтаронаи синнашон то 14-солаи Бангладеш, Бутан, Тоҷикистон, Шри-Ланка, Ҳиндустон ва Эрон миёни ҳам рақобат карданд.

Мунтахаби духтаронаи Ҳиндустон бо 15 имтиёз ғолиби мусобикаи мазкур гардид. Футболбоздухтарони эронӣ бо 12 имтиёз мақоми мақоми дуюмро касб карданд. Ҷойи сеюм бо 7 имтиёз насиби футболбозони Бангладеш гардид. Футболбозони Шри-Ланка бо 6 имтиёз дар ҷойи чорум ва тоҷикдухтарон бо 4 имтиёз дар зинаи пунҷум қарор гирифтанд.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби духтаронаи футбол Тоҷикистон дар аввалин бозиаш дар мусобиқаи қитъавӣ дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ дар Шри-Ланка аз тими Ҳиндустон бо ҳисоби 0:3 мағлуб шуда, дар бозии дуюмаш бар тими Бутан бо ҳисоби 2:1 пирӯз гардид. Бозии сеюмро бо тими Бангладеш мусовӣ 2:2 анҷом доданд. Дар бозии чорум аз мунтахаби Шри-Ланка бо ҳисоби 1:4 шикаст хӯрда буд.
Мӯҳр
футболбоздухтарони точикро дар оянда барояшон комёбихо хохонем

аввал инки духтарони точик барои футбол нестанд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)