Бахшҳо
11 мар 2013 09:32Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Аз 305 нерӯгоҳ 103-тояш кор намекунад

Сиёвуш ҚОСИМЗОДА

Давоми ҳафт соли оянда дар қаламрави Тоҷикистон беш аз 200 нерӯгоҳи хурд бунёд мегардад. Ба гуфтаи масъулони Вазорати энергетика дар чорчўби барномаи давлатӣ барои солҳои 2009 -2020, бунёди 200 нерӯгоҳи хурд дар назар аст. Ба иттилои онҳо то кунун дар қаламрави Тоҷикистон беш аз 300 нерӯгоҳҳои хурд мавриди истифода қарор гирифтаанд, ки ниёзи сокинонро бо барқ бароварда месозанд.

Нерӯгоҳҳои хурд корношояманд


Аммо тибқи иттилои Агентии омори Тоҷикистон аз 305 нерӯгоҳи хурд, ки тавони тавлиди 25,5 ҳазор киловат соат нерӯи барқро доранд, танҳо 202 адади он фаъол аст. Зеро нерӯгоҳҳои кучак умдатан дар минтақаҳои куҳистонӣ сохта шудаанд, ки дар фасли зимистон бе об мемонанд.
Ҳамасола дар рустоҳои Тоҷикистон сар аз нимаи тирамоҳ то фасли баҳор маҳдудияти барқрасонӣ ҷорӣ мешавад, чун нерӯгоҳи аслии кишвар "Норак" ниёзи ҳама сокинони кишвар ба нерӯи барқро бароварда намекунад. Шояд яке аз сабабҳои рӯй овардани кишвар ба бунёди нерӯгоҳҳои хурд низ ҳамин бошад.

Шамсиддин Ҷалолов коршиноси масоили иқтисодӣ сохтани нерӯгоҳҳои хурдро аз барномаҳои амалии истиқлолияти энержии кишвар дониста мӯътақид аст, ки ин нерӯгоҳҳо метавонанд дар зиндагии ҳамарузаи мардум нақши муҳим бибозанд. Номбурда мегӯяд, ки аз лиҳози иқтисодӣ барои рушди соҳибкории хурду миёна ин зарур аст. Фақат назорат аз рӯи амалишавии ин нерӯгоҳҳои хурд пурзўр гардад ва тендерҳо бояд шаффоф бошанд. Зеро яке аз сабабҳои амалӣ нашудани ин сохтмонҳо аз ҳаминҷо сарчашма мегирад. Дар ҳар ҳол ба оянда бо чашми бино ва ақли закӣ бояд назар кард, чунки инсонҳо меоянду мераванд, вале ин нерӯгоҳҳо ҷовидон боқӣ мемонанд.

Пули нерӯгоҳҳо дуздида мешавад

Аммо иқтисоддонон мӯътақиданд, ки ин нерӯгоҳҳои хурди сохташаванда наметавонанд Тоҷикистонро ба истиқлолияти энержӣ расонанд ва ҳатто мақсади сохти онҳо дигар аст. Дар ҳамин маврид раҳбари Маркази бозори озоди Тоҷикистон Константин Бондаренко мегӯяд, ки эҳдоси чунин нерӯгоҳҳо Тоҷикистонро ба истиқлолияти энержӣ расонида наметавонад. Барои расидан ба истиқлолияти энержӣ сохтани нерӯгоҳҳои калон зарур аст. Вале сохтани нерӯгоҳи хурд мақсади дигар дорад.

"Ин мақсади бо барқ таъмин кардани корхонаҳои саноатии алоҳида дар давраи интиқолият аст. Агар ҳоло аз ин 305 нерӯгоҳ фақат 202 то фаъол аст, ин ба мушкили умумии идоракунӣ ва коррупсия дар Тоҷикистон иртибот дорад. Одамони қарорбарор оид ба хароҷоти пули давлатӣ фақат ҳаваси худро нигоҳ мекунанд ва барои онҳо маъно надорад нерӯгоҳо кор мекунад ё не", иброз намуд Константин Бондаренко. Раҳбари маркази бозори озоди Тоҷикистон таъкид кард, ки нерӯгоҳҳои хурд ҷои Роғунро барои Тоҷикистон гирифта наметавонанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Шамсиддин Ҷалолов коршиноси масоили иқтисодӣ нерӯгоҳҳои хурдро дар тазод бо Роғун надониста ин нерӯгоҳҳо барои корхонаҳои тавлидии кишвар мисли боду ҳаво лозим унвон мекунаду онҳоро раванди оддии рушди ин соҳа меҳисобад. Агар ба иқтисодиёти мамолики рушдкунанда назар гардад, 70 дарсади даромади мардум ва маҳсулоти истеҳсолӣ ба ин намуди корхонаҳо рост меояд. Аз ин рӯ нерӯгоҳи Роғун на танҳо мардуми кишвар ва ҳамсояҳои дуру наздикро бо барқ таъмин мекунад, балки сиёсати геополитикии Тоҷикистонро дар минтақаи Осиёи марказӣ муаян месозад.

Нерӯгоҳҳои хурд саҳме дар тавлиди барқи Тоҷикистон надоранд

Дар як сол барои Тоҷикистон 20 миллиард киловат соат барқ лозим аст. Бо ин вуҷуд Тоҷикистон солона 17 миллиард киловат соат барқ истеҳсол мекунад ва барои кишвар дар фасли зимистон 3,5 миллиард киловат соат барқ намерасад. Дар фасли тобистон баръакс 3,5 миллиард киловат соат барқ барзиёд истеҳсол мегардад. Инро ҳам номбурда ба гидроэнергетикӣ будани энергетикаи Тоҷикистон марбут медонад. Дар зимн соли 2012 - 6,5 миллиард киловат соат барқ истеҳсол нашуд. Фурўши барқ ба хориҷа порсол 666,7 миллион киловат соатро ташкил дод. Истеҳсоли рӯзонаи барқ дар якшабонарӯз барои Тоҷикистон 50 миллион киловатро фаро мегирад.

Зулфиқори Исмоилиён таҳлилгари масоили иқтисодӣ мегӯяд, ки аксари нерӯгоҳҳои хурди сохташуда кор намекунанд. Як нерӯгоҳи як мегаватиро вақте ба истифода доданд, он нерӯгоҳ зуд аз кор бозмонд. Вақте расонаҳо дар ин бора навиштанд, онро билфосила дуруст карданд, аммо боз ҳамон нерӯгоҳ аз фаъолият монд. "Нерӯгоҳи хурд сохтан як роҳи дуздидани пул ҳам ҳаст. Чун ин нерӯгоҳҳоро бештар созмонҳои байналмилалӣ сармоягузорӣ мекунанд. Дар тендерҳо баранда мешаванду пулҳои дарёфтиро барои нерӯгоҳ сарф намекунанд ва кор нимакора мемонад. Дуруст ин нерӯгоҳҳо як роҳи расидан ба истиқлоли энержист, вале пас аз сохти ин нерӯгоҳҳо бояд онҳо ҷиддӣ гирифта шаванд. Дастгоҳҳоро меоранду ҳамин, ки якбор кор кард, дигар дунболи он намераванд", гуфт Зулфиқори Исмоилиён.

Иқтисоддонон чунин мешуморанд, ки барқи тавлидкардаи нерӯгоҳҳои хурди кишвар хориҷ аз шабакаи энержии кишвар аст. Ба ҳамин далел вақте ин нерӯгоҳҳо дар шабакаҳои барқи кишвар нестанд, ба онҳо расидагӣ намешавад ва фоқиди аҳаммият мегарданд. Ҳисоб ҳам намекунанд, ки чи қадар барқ аз нерӯгоҳҳои хурд тавлид мегардад. Сохтани нерӯгоҳҳои миёнатавон то 200 мегават метавонад Тоҷикистонро дар расидан ба истиқлолияти энержӣ ёрӣ диҳад ва сармоягузорон ҳам дар ин ҳолат метавонанд бар рӯи ин нерӯгоҳҳо бештар маблағгузорӣ кунанд. Аммо набудани шаффофият дар ин самт монеъи ин амр мешавад. Чунончи як сармоягузори хориљї ду сол қабл ба манзури эҳдоси нерӯгоҳи хурд ба Тоҷикистон омада буду вале ба хотир ҳамин масоил аз тасмими худ мунсариф гардид.

Беҳтар аст барои табдил шудани Тоҷикистон ба як кишвари содиркунандаи барқ кадрҳои касбӣ ба соҳаи мазкур ҷалб гарданд ва системае роҳандозӣ гардад, ки битавонад аз дуздидашудани маблағи сохти ин нерӯгоҳҳо ҷилавгирӣ кунад. Дар замони шӯравӣ корхонаҳои бузурге буданд, ки неруи барқро зиёд истифода мебурданд ва сарчашмаи асосияшон ҳамин барқ буд. Инак дар замони истиқлолият корхонаи аломиниюм бештари барқро арзонтар аз мардум масраф карда фоизи зиёди барқи Норакро дар як шабонарӯз барои худ мегирад.

Дар ҳақиқат агар тамоми ин 305 нерӯгоҳи хурди сохташудаи Тоҷикистон агар 24 соата кор мекарданд, дар раванди табиӣ онҳо метавонистанд 110 миллион киловат соат барқ тавлид кунанд, яъне 0,65% аз ҳаҷми умумии барқи тавлидшуда дар соли 2012. Бо ин вуҷуд маълум нест, ки чашмандози сохти нерӯгоҳҳои хурд дар Тоҷикистон чи мешавад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)