Номи барандагони ҷоизаи Лоҳутӣ дар соли 2013 эълон шуд
Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон номи барандагони ҷоизаи Лоҳутӣ дар соли 2013-ро эълон кард.
Беҳрӯзи Забеҳулло, шоир ва журналисти тоҷик, ки дар шаҳри Машҳади Эрон ба сар мебарад, барои тарғиб ва ташвиқи адабиёту фарҳанги Тоҷикистон дар миёни кишварҳои форсизабон ба дарёфти ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ мушарраф гардид.
Аз Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ба «Озодагон» гуфтанд, Зафари Суфӣ, муассиси гуруҳи расонаҳои «Озодагон» ҳам дар бахши матбуот барои маҷмуи матолиб дар бораи мушкилоти васоити ахбори умуми кишвар барандаи ин ҷоиза шудааст.
“Ҳамчунин, Саидмурод Фаттоев, Илҳоми Ҷамолиён, Мансур Сайфиддинов, Давлатхоҷа Назиров, Гуландом Ашӯрова, Гулчеҳра Сатторова ва Каҳҳори Расулиён ҷоизаи ба номи Лоҳутиро дарёфт хоҳанд кард.
Расми тақдими ҷоизаҳои ба номи Абулқосим Лоҳутӣ 11-уми март, дар рӯзи таъсиси аввалин рӯзномаи тоҷикӣ, “Бухорои шариф” сурат мегирад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |