Кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шӯрообод дар натиҷаи як амалиёти фаврӣ-ҷустуҹӯӣ 2-килограмму 007 грам маводи сахттаъсири ҳероин кашф ва мусодира карданд.
Сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия, Неъмат Наимов дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод. Номмбурда гуфт, тибқи хабари пешакӣ кормандони милиса аз манзили зисти Эмомалӣ Абдуллоев, як сокини 44-солаи рустои Анҷироби ҷамоати деҳоти Ёл, аснои кофтукоб беш аз 2-килограмм маводи сахттаъсири ҳероин дарёфт намуданд. Гуфта мешавад, боздоштшуда Абдуллоев соҳиби 6-фарзанд буда, пештар бо ҳамин ҷурм бо моддаи 200, қисми 3 (нигаҳдорӣ ва интиқоли маводи мухаддир) ба мӯҳлати 14 сол зиндонӣ гашта буд. Баъди 6-соли маҳбасӣ, дар асоси афви умум, пеш аз адои мӯҳлати ҷазо озод гардида будааст.Дар ҳамин ҳол, кормандони шӯъбаи мазкур аз аввали сол инҷониб ба миқдори 17 килову 670 грамм маводи нашъадор кашф ва мусодира кардаанд, ки аз ин беш аз 3 килояшро ҳероин ташкил медиҳад.{jathumbnail off}
Мӯҳр