Даврон Эргашев расман ба клуби "Жетысу"-и Қазоқистон пайваст
Ҳимоятгари 24-солаи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футб)ол, Давронҷон Эргашев, расман ба клуби "Жетысу"-и Қазоқистон пайвастааст. Дар ҳоли ҳозир ин футболбози тоҷик бо клуби "Жетысу" барои як сол қарордод имзо карда ва гуфтааст, имкони тамдид кардани он вуҷуд дорад.
Бояд гуфт, дар гузашта Давронҷон Эргашев дар клуби футболи "Хуҷанд" (Хуҷанд), "Регар ТадАЗ" (Турсунзода) ва "Истиқлол"-и Душанбе бозӣ кардааст. Дар тӯли ин муддат ӯ дар ҳайати дастаҳои Регар ТадАЗ ва Истиқлол ду бор Ҷоми раиси АФК-ро ба даст овард.
Бино ба натиҷагирии мавсими гузаштаи футбол дар Тоҷикистон, Эргашев дар қатори се ҳимоятгари беҳтарини кишвар ҷо гирифт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |