Пулис тазоҳуротгаронро бо гулдаста пароканда кард
Тазоҳуротгарони ҷонибдори роҳбарони боздоштшудаи ҳизби “Ата-Жорт” дар шаҳри Ҷалолобод пароканда шудаанд ва қаҳрамонмодароне, ки бинои ҳукумати вилоятиро ишғол карда буданд, ба хонаҳояшон рафтанд.
Таалайбек Суусунбаев, масъули маркази матбуотии Вазорати умури дохилии Қирғизистон, дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” изҳор дошт, ки тазоҳуротгарони ҷонибдори роҳбарони боздоштшудаи ҳизби “Ата-Жорт” айни ҳол пароканда шудаанд ва ваъда додаанд, ки баъди таҷлили 8-уми март аз нав гирди ҳам меоянд: “Айни ҳол вазъ дар шаҳри Ҷалолобод ва навоҳии атрофи он муътадил аст. Сардори мақомоти пулиси Ҷалолобод, Малик Нуридинов бо ташкилоткунандагони тазоҳурот ва 56 қаҳрамонмодаре, ки дар толори бинои ҳукумати маҳаллӣ қарор доштанд, гуфтушунид кард ва онҳо то анҷоми таҷлили 8-уми март биноро тарк карданд.”
Суусунбоев афзуд, ки сардори мақомоти пулиси Ҷалолобод қаҳрамонмодарони тазоҳуротгарро бо фарорасии 8-уми март табрик карда, ба онҳо гулдаста туҳфа кардааст. Тазоҳуротгарон талаб доранд, ки Қамчибек Ташиев, Садир Жапаров ва Талант Мамутов роҳбарони ин ҳизб, ки соли сипаришуда барои таҳрики нооромиҳо боздошт гардиданд, раҳо шаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |