Раҳматулло Зоиров: "Мақомот дар талоши ҳабси ман аст"

Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби умумимиллии сотсиал демократи Тоҷикистон ва яке аз номзадҳои эҳтимолӣ дар интихоботи президентии соли 2013, мегӯяд, мақомот ба ҳар васила ба ӯву наздикон ва ҳамкоронаш фишор меоранд. Ҷаноби Зоиров ин ҳамаро ба интихоботи президентии Тоҷикистон бастагӣ додааст, ки моҳи ноябри соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд.
Раҳматулло Зоиров дар изҳороти расмие, ки рӯзи ҳафтуми март бо номи "Интихоботи 2013: Боз чиро мунтазир шавем?" интишор дод, гуфтааст, қудратиҳои Тоҷикистон аз чанд нафар талаб кардаанд, ки алайҳи ӯ аризаи шикоятӣ нависанд. Ба гуфтаи Зоиров, аз 17-уми феврал инҷониб кормандони давлатӣ, аз ҷумла маъмурони пулис, ҷойи зист ва телефонхои ҳамкорони собиқ, ҳамзист ва хамсояҳояшро (аз соли 1992-1993 то инҷониб) муқаррар намуда, ба назди онҳо омадаанд ва аз чанд нафари онхо талаб намудаанд, ки алайҳи Зоиров ба мақомоти қудратӣ ариза пешниход намоянд.
“Аз ҷумла, кормандони ВКД, Бахтиёр Сафаров (тахминан 35 сола) ва Зарина (тахминан 45-47 сола), Сапарова У., Сапаров Ю. – ро аз шаҳри Душанбе ба вазорати корҳои дохилӣ оварда, талаб намудаанд, ки нисбати Зойиров ариза нависанд. Ду зани дигар бо номи Назира ва Муноҷот, сокинони пойтахтро ҳамин тавр пурсида, талаб мекунанд, ки онҳо хам ариза нависанд. Аз нохияи Ҷиликӯли вилояти Хатлон низ аз чанд шаҳрванд чунин дархост кардаанд. Аз ҳамаи номбаршудагон кормандони ВКД хоҳиш кардаанд, ки аз ҷузъиёти ин суҳбатҳо ба Зойиров хабаре надиҳанд”,-гуфт ӯ.
Зоиров таъкид мекунад, ки ҳамаи номбаршудагон собиқ ҳамзисту ҳамсояҳои ӯ будаанд: “ Мо, ки то имрӯз муносибати хуб дорем, онҳо аз навистани ариза бар зидди ман даст кашиданд ва ба ман хабар доданд.” Раиси ҲУСДТ мегӯяд, ин иқдоми мақомот як фишори равонӣ буда, ба интихоботи президентии моҳи ноябри соли равон рабт дорад. Дар ҳоле ки Ҷунбиши миллӣ, як созмони сиёсии сабтиномнашуда ӯро номзади худ дар интихоботи президентӣ дониста, аз дигарон низ хостааст, ки Зоировро пуштибонӣ кунанд. Гузашта аз ин, раиси ҲУСДТ Кумитаи тадорукот барои тағйири қонуни интихоботро ташкил дода, барои ислоҳи ин қонун талош дорад.
Бо ин ҳама, дар охири изҳороташ ҷаноби Зоиров гуфта, ки ҳарчанд онҳо барои ислоҳи қонунҳо ва ислоҳоти кадрӣ таош доранд, аммо ҳадафашон "вазифагирӣ" нест.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |