Вазорати умури хориҷа ба китобхонаи миллии Тоҷикистон 4000 нусха китоб тақдим намуд.
Асарҳое, ки ба фонди китобхонаи асосии кишвар ворид гардиданд, бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, арабӣ, форсӣ, чинӣ, фаронсавӣ, украинӣ, туркӣ, олмонӣ буда, мавзӯъҳои гуногунро ба монанди сиёсат, иқтисод, фарҳанг, маориф ва ғайра дар бар мегиранд. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин вазорат, масъулин ва намояндагиҳои дипломатии ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа низ кӯшиш доранд, ки ҷамъоварии китобҳоро идома дода, фонди китобхонаро бо адабиёти хориҷӣ ғанӣ гардонанд.{jathumbnail off}
Мӯҳр