Лағви лимит -- туҳфаи Раҳмон ба занони деҳоти Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз 7-уми март дар ҷаласаи тантанавии бахшида ба “Рӯзи модарон” аз лағви лимит дар кишвар хабар дод.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни мулоқот бо фаъолзанони тоҷик дар Кохи Борбад, изҳор дошт, ки барои зиндагии шоистаи занону модарон, имсол маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ба навоҳии кишвар нисбати солҳои гузашта, як моҳ пештар лағв мешавад. Ӯ таъкид кард, ки аз мушкили бебарқӣ дар кишвар хуб огоҳ аст ва талош мекунад, сол аз сол ин мушкил комилан рафъ шавад. Дар ин замина раисиҷумҳури Тоҷикистон нерӯгоҳҳои хурду миёнаро зикр кард, ки дар манотиқи мухталифи кишвар бунёд мегарданд.
Пайёми президент аз лағви лимит дар ҳолест, ки Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати “Барқи тоҷик” дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, сар аз 5-уми март лимити рӯзонаи барқ дар кишвар бекор гардида, мардуми навоҳии Тоҷикистон аз соати 5:00-и субҳ то соати 23:00-и шаб пурра бо барқ таъмин хоҳанд шуд. Дар мавриди лағви пурраи лимит, ки президент аз он пайём додааст, Ёдгорӣ изҳори бехабарӣ намуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |