Вазири тоҷик дар Қирғизистон 5 сол аз озодӣ маҳрум шуд
Додгоҳи шаҳри Бишкек Равшан Собиров, вазири пешини рушди иҷтимоии Қирғизистон ва раҳбари ҷамъияти тоҷикони ин кишварро, ба 5 соли зиндон маҳкум кардааст. Дар ин бора ба хабаргузории “Озодагон” вакили мудофеъ ва наздикони Равшан Собиров хабар доданд.
Икромиддин Айтқулов, вакили мудофеи Равшан Собиров, дар сӯҳбат бо "Озодагон" гуфт, аз чунин ранг гирифтани кор дар ҳайрат афтодааст: "Дар ҳоли шок будам. Албатта, мо аз болои ин ҳукм ба зинаҳои болотари додгоҳ муроҷиат хоҳем кард. Зеро ин ҳукм дар асоси шаҳодати танҳо як нафар ва он ҳам ноиби Равшан Собиров содир шудааст."
Равшан Собиров ба он айбдор шудааст, ки дар замони вазири рушди иҷтимоии ин кишвар буданаш гӯиё ба ришвахӯрӣ даст задааст. Парванда алайҳи ӯ бо нишондоди собиқ ёвараш, Тоҳир Мирзоаҳмадов оғоз гардида буд, ки 4-уми июли соли 2012, зимни гирифтани ришва аз як ширкати итолиёвӣ дастгир шудааст. Ӯ изҳор доштааст, ки маблағро бо дастури Собиров гирифтааст, вале баъдан эътирофоташро ба манфиати Равшан Собиров тағйир дода буд.
Равшан Собиров, ки моҳи декабри соли 2011 вазири рушди иҷтимоии Қирғизистон таъин гардид, моҳи июли соли 2012 дар робита ба иттиҳомот дар фасодкорӣ муваққатан аз ин мансаб барканор гардид. Ӯ панҷуми июли соли 2012 боздошт ва ба боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон интиқол ёфта буд. Додгоҳи ноҳияи Первомайски Бишкек, Собировро моҳи ноябри соли 2012 «сафед» эълон кард. Аммо додситонии кулли Қирғизистон парвандаи Собировро аз нав ба баррасӣ гирифта, ба додгоҳ ирсол намуд, ки бо панҷ сол ҳукми зиндон ва мусодираи амволаш поён ёфт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |