Посухи Душанбе ба иддаои мақомоти рус дар бораи "наркобарон"-ҳо
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, изҳороти муфаттиши русро дар мавриди пуштибонии мансабдорони тоҷик аз нашъаҷаллобон беҷавоб нахоҳад гузошт. Давлат Назрӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, айни ҳол мавқеи ин ниҳод муайян гардида, давоми рӯз дар як изҳороти расмӣ баён хоҳад шуд.
Ренат Курамшин, масъули Хадамоти федеролии мубориза бо маводи мухаддири Русия, бегоҳи 5-уми март, зимни баромадаш дар барномаи телевизионии “Русия-1” мақомоти Тоҷикистонро ба пуштибонӣ аз Атобек Гулмамадов, ки бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дар Дубай боздошт шуда буд, айбдор кард. Курамшин гуфт, Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз истирдоди Гулмамадов ба Русия ба мақомоти Дубай нота фиристодааст: “Дар нотаи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон тақрибан омадааст, ки Гулмамадовро дар Русия шиканҷа, таъқиби беасоси ҷиноӣ ва ғасби амвол интизор аст.”
Курамшин ин дархости Вазорати умури хориҷии Тоҷикистонро далели он донистааст, ки созмонҳои калони ҷиноӣ ва нашъаҷаллобоне амсоли Гулмамадов дар зинаҳои болоии ҳукумати Тоҷикистон пуштибонҳо доранд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ин масъули Хадамоти зидди маводи мухаддир, собит шудааст, Гулмамадов узви шабакаи байналмиллалии қочоқи маводи мухаддир аст ва шахсан интиқоли тақрибан 400 кило ҳероинро ба Русия роҳбарӣ кардааст.
Атобек Гулмамадови 39-сола, ки шаҳрвандии Тоҷикистону Русияро дорад, моҳи декабри соли гузашта аз ҷониби Интерпол дар Дубай боздошт шуда, рӯзи 7-уми феврали соли равон ба Русия таслим гардид. Акнун дар сурати исботи гуноҳҳои пешгузоштаи мақомоти рус, Гулмамадовро дар ин кишвар ҳабси абад интизор аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |