Ҷашнвораи гулҳои Эрон дар Суғд
Субҳи рӯзи сешанбеи 6 март дар маҷмаи фарҳангии «Суғд»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳузури мардум ва намояндагони ҳукумат ҷашнвораи гул ва гиёҳҳои ороишӣ, тухмиҳо ва ниҳолҳои пайвандии мевадиҳанда аз Ҷумҳурии исломии Эрон ифтиттоҳ шуд.
Дар ин ҷашнвора беш аз 7000 тухми гулҳои зиннатӣ, 45 намуд гиёҳҳои хонагӣ ва 14 намуди дарахтони мевадиҳанда, ки шумораашон аз чанд ҳазор бештар буд, ба намоиш гузошта шуд. Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд баъди боздид аз намоишгоҳи мазкур ба масъулони ширкати «Гулкадаи ситораи беназир»-и Ҷумҳурии исломии Эрон, ки аз дастандаркорони аслии ин намоишгоҳ будаанд, изҳори сипос намуда гуфт, ки гулу гиёҳҳо ва дарахтони мевадиҳандаву сояафкане, ки ба намоиш гузошта шудаанд, воқеан хеле зебову нодир буда, ба ҳар бинанда ҳаловат мебахшад. Вай таъкид кард тавассути барпо намудани чунин намоишгоҳҳо равобит миёни кишоварзони Тоҷикистону Эрон тақвият ёфта, роҳро барои ривоҷи ҳамкориҳо ҳамвор месозад.
Ҷашнвораи гулу гиёҳи эронӣ то 10 март идома хоҳад дошт. Коршиносон муътақиданд баргузории чунин ҷашнвораҳо заминаи муносибе барои густариши ҳамкориҳои кишоварзони ду кишвари ҳамзабон фароҳам хоҳад кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |