Убайдуллоев барои ташкили “дискотека” иҷозат дод
Шаҳрдории Душанбе барои баргузории нахустин шабнишинии “Дискотекаи солҳои 80-ум” дар пойтахти Тоҷикистон иҷозат додааст.
Тавре аз шаҳрдорӣ ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Душанбе, бо имзои қароре ба рӯзномаи «Вечёрка» ва Маркази фарҳангии «Аржанг» иҷозат додааст, ки нахустин шабнишинии “Базми солҳои 80 – 90-ум”-ро баргузор кунанд. Ин базм ба ифтихори «Рӯзи модар», 8-уми март дар тарабхонаи “Меҳмонсарои пойтахт” аз соати 18:00 то 22:00 ба нақша гирифта шудааст.
Тавре созмондиҳандагони ин базм ба хабаргузории “Озодагон” гуфтанд, дар доираи ин базм навори видеоии Душанбе дар солҳои гузашта намоиш дода шуда, зери навои машҳури солҳои 80-ум (Boney M, Modern Talking, Kaoma, C.C.Catch, Al Bano, Mauro, Desireless, «Гулшан») чорабиниҳои шавқовар ба нақша гирифта шудаанд.
Убайдуллоев ба раёсати корҳои дохилӣ ва амнияти миллии Душанбе дастур додааст, ки амнияти иштирокчиён ва риояи тартиботи ҷамъиятиро зимни ин шабнишинӣ таъмин кунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |