Ҳушдори вазири нақлиёт аз мавсими борону ярч
Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти Тоҷикистон, дар мавсими борону ярч роҳбонҳои кишварро ба “чаққонӣ” даъват кардааст.
Тавре аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, Низом Ҳакимов, зимни ҷаласаи мушовара, ба тобеинаш дастур додааст, ки тозакунии роҳҳоро дар ҷумҳурӣ таҳти назорати ҷиддӣ қарор диҳанд: “Бахусус, дар манотиқи кӯҳистон, ки баъди боронҳо ба рӯи роҳ хоку сангу ярч фурӯ мерезанд.”
Ин ҳушдори Ҳакимов аз мавсими борону ярч дар ҳолест, ки Идораи обу ҳавошиносии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе гуфтааст, аз ҳафтум то нӯҳуми марти соли ҷорӣ дар кишвар ҳавои сард дар назар аст.
Бино ба хабари ин идора, “рӯзи 7 март дар водиҳо борон дар назар буда, дар навоҳии баландтар аз 2000 метр аз сатҳи баҳр барф хоҳад борид. Рӯзи 8-уми март низ дар навоҳии баландтар аз 2000 метр боришоти барф дар назар аст.” Интизор меравад, ҳарорати ҳаво рӯзи 7-уми март то 10-15 градуси селсий поин равад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |