Домоду духтари Назарбоев дар феҳристи бойтаринҳои ҷаҳон

Маҷаллаи бонуфузи амрикоии Forbes ба рӯйхати бойтарин афроди ҷаҳон дар соли 2012 панҷ шаҳрванди Қазоқистонро ворид кардааст. Соли 2011 дар ин рӯйхат аз Қазоқистон Владимир Ким, Булат Утемуратов, Алиҷон Иброҳимов ворид буданд. Имсол онҳоро дар ин рӯйхат духтар ва домоди президенти ин кишвар, Динара Кулибоева ва Тимур Кулибоев ҳамроҳӣ мекунанд.
Тибқи иттилои сомонаи TengriNews доротарин шаҳрванди Қазоқистон – Владимир Ким, саҳҳоми ширкати “Казахмис” мебошад, ки 2,3 миллиард доллар сармоя дошта, миёни сарватмандҳои ҷаҳон дар зинаи 641-ум қарор дорад. Самти асосии фаъолияти ӯ истихроҷ ва коркарди металҳои қимматбаҳо ва ранга мебошад. Дороии соҳибкор, Булат Утемуратов, 2,2 миллиард доллар баҳогузорӣ шуда, дар зинаи 670-ум ҷой гирифтааст. Тоҷир Алиҷон Иброҳимов, саҳҳоми ENRC, бо 2,1 миллиард доллараш соҳиби зинаи 704-ум шудааст. Домод ва духтари Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҷури Қазоқистон дар ин рӯйхат бо 1,3 миллиардашон дар ҷои 1107 –ум қарор гирифтаанд.
Дар маҷмуъ рӯйхати имсолаи Forbes 1426 миллиардерро дар бар мегирад, ки нисбати соли қаблӣ 210 миллиардер бештар аст. Ҷамъи дороиҳои онҳо 5,4 триллион долларро ташкил додааст. Соли гузашт ин нишондод ба 4,6 триллион баробар будааст. Дар айни замон 60 нафар, аз ҷумла 8 тан ба иллати марг, рӯйхати миллиардерҳои дунёро тарк гуфтаанд. Шумори миллиардерҳои зан низ дар феҳристи нав афзуда, аз 104 ба 138 нафар расидааст. Карлос Слими мексикоӣ бо 73 миллиард доллар аз соли 2010 ба ин сӯ бойтарин марди сайёра шинохта мешавад. Мақоми дувумро дар ин рӯйхати Forbes муассиси Microsoft Билл Гейтс бо 67 миллиард доллар дороӣ дар даст дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |