Ҷоми АФК: Шикасти "Равшан" аз дастаи "Ал-Рамза"-и Урдун

Имрӯз, шашуми март, қаҳрамони феълии Тоҷикистон оид ба футбол “Равшан”-и Кӯлоб дар нахустин бозии даври гурӯҳии Ҷоми AFC-2013 дар шаҳри Хуҷанд бо тими “Ал-Рамза”-и Урдун вориди рақобат шуд, вале бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд. Танҳо голи ин бозиро дар дақиқаи бисту севуми нимаи дувуми бозӣ Мусҳаб Муҳаммад Ёсин аз дастаи "Ал-Рамза"-и Урдун зад.
Ин бозии гурӯҳи "D", ки соати 15 оғоз ёфт, бо 5 дақиқаи иловагӣ анҷом ёфт. Бозигарони дастаи “Равшан” дар ин сабқат чанд имконияти хуби голзанӣ доштанд, аммо натавонистанд хуб истифода кунанд.
Ҳайати дастаҳо:
“Равшан”: Рустам Ризоев, Содиқ Мӯсо, Давид Маутор, Одил Эргашов, Сайриддин Ғаффоров, Абдусамад Ҳоҷибоев, Ҳикматулло Расулов, Саламон Такӣ, Даврон Тухтасунов, Ҳасан Рустамов, Нуъмон Ҳакимов.
Бозигарони эҳтиётӣ: Неъматулло Тошев, Эраҷ Холов, Бахтиёр Ҳасанов, Наврӯз Рустамов, Комрон Сайидзод, Индус Ҳусейнов, Сайидхони Ҳамрохон, Баҳодур Шамсов, Фаридун Рустамов.
Сармураббӣ: Ғайрат Мираҳмадов.
“Ал-Рамза”: Абдулло Файз, Солеҳ Диабат, Амир Алӣ Аҳмад, Муҳаммад-ал-Довуд, Муҳаммад Хайр, Мусъаб Муҳаммад Ал Лаҳҳам, Ал Башир, Рамӣ Абдусамараҳ, Алӣ Умар Хаёлӣ, Амангова, Муҳаммад Касос.
Бозигарони эҳтиётӣ: Аҳмад Ал Сагаир, Ияд Ал Хатиб, Сулаймон Салмон, Ҳамза Хафнавӣ, Куаттара, Бассел Ал Шаар.
Сармураббии даста: Билоли Ёсин Ал-Лаҳҳам
Доварон: Владислав Тсейтлин (сардовар), Ҷаҳонгир Саидов, Ҳусниддин Шодмонов, Азиз Осимов (ҳама - Узбакистон).
Комиссари бозӣ: Муҳаммад Ризо Касроӣ (Эрон).
Ёдовар мешавем, ки дар даври гурӯҳии Ҷоми AFC-2013 ду дастаи сермухлистарини Тоҷикистон дастаи “Равшан”-и Кӯлоб ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ҳунарнамоӣ мекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |