Вазири маориф: Барои таҳсили 12-сола ҳоло пул надорем

Дар Тоҷикистон роҳандозии низоми таҳсили 12- сола то соли 2020-ум ба таъхир гузошта шуд.
Дар ин бора вазири маорифи Тоҷикистон, Нуриддин Саидов, 6-уми март, зимни муаррифии тарҳи нави қонун «Дар бораи маорифи ҶТ» дар парлумон иттилоъ дод. Саидов далели ба таъхир гузоштани ин масъаларо маҳдуд будани имкони молии буҷаи кишвар арзёбӣ намуд. Ба қавли ӯ, феълан буҷаи давлатии Тоҷикистон имкони якбора иваз кардани барномаҳои таълимиро надорад. Масъулини Вазорати маориф мегӯянд, гузаштан ба низоми нави таълимӣ омода кардани кадрҳои нав, нашри китобҳо, дастурот ва дигар чорабиниҳоро талаб мекунад.
Инчунин Нуриддин Саидов зимни муаррифии тарҳи нави қонуни маориф афзуд, ки бар асоси он, ҷалби омӯзгорони ҷавон ба хидмат дар артиши Тоҷикистон манъ аст: “Ба артиш ҷалб шудани як омӯзгор, маънои бе муаллим мондани 20-25 нафарро хонандаро дорад. Агар омӯзгори ҷавоне ба артиш даъват шавад, мо ҳатман ба прокуратураи ҳарбӣ ҷиҳати ғайриқонунӣ ба артиш даъват шудани вай нома ирсол хоҳем кард.»
Баъди муаррифии Саидов, вакилони парлумон тарҳи қонун “Дар бораи маорифи Тоҷикистон”-ро қабул карданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |