Ғафур Раҳимов, яке аз сарони олами ҷиноӣ, таҳти пайгард қарор гирифт
Мақомоти Узбакистон, яке аз сарони олами ҷиноии ин кишвар, собиқ президенти Федератсияи бокси Осиё, Ғафур Раҳимовро мавриди пайгард қарор додааст.
Хабаргузориҳои Узбакистон бо такя ба иттилоияи Вазорати умури дохилии ин кишвар менависанд, Раҳимов дар қаллобӣ, пулшӯӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳои қалбакӣ муттаҳам мешавад. Дар иттилоияи мақомоти узбак омадааст, ки “нисбати Ғафур Раҳимов, соли таваллудаш 1951, зодаи Тошканд, миллаташ узбак , Хадамоти амнияти миллии Узбакистон парванда боз кардааст ва аз ҳамаи онҳое, ки дар бораи ҷойи будубоши ӯ иттилое доранд, хоҳиш карда мешавад, ки ба мақомот хабар диҳанд.”
Аз рӯи иттиҳомоте, ки мақомоти узбак алайҳи Раҳимов пеш гузоштааст, ба ӯ аз 10 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад. Ғафур Раҳимов аз сарони олами ҷиноии аввали солҳои 90-уми асри гузашта ба шумор меравад, ки нимаи солҳои 90-ум талош кардааст аз ҷинояткорӣ дур шуда, тиҷоратҳояшро куллан қонунӣ гардонад.
Аммо тобистони соли гузашта ӯ аз вазифаи ноиби раиси Кумитаи миллии олимпии Узбакситон ба далели “тағйири шаҳрвандӣ” барканор шуда буд. Аз ин пештар Раҳимовро ҳамчун саркардаи гуруҳҳои созмонёфтаи ҷиноии Узбакистон, ки ба истеҳсолу интиқоли маводи мухаддир машғул ҳастанд, Амрико ба “рӯйхати сиёҳ” ворид намуда буд.
Айни ҳол маълум аст, ки Раҳимов табаияти Русияро дошта, дар Узбакистон иқомат намекунад. Тарки Ватан ва тағйири шаҳрвандӣ кардани Раҳимов аз суолҳои матраҳест, ки то ҳол ҷавоби мушаххас надорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |