Файзиннисо Воҳидова мегӯяд, дар баҳс бо “Тоҷирон” худро гунаҳкор намедонад

Даъвои ширкати “Тоҷирон” бо вакили мудофеъ Файзиннисо Воҳидова ва нашрияи “Имрӯз Нюс”, ки қарор буд рӯзи 11-уми март (рӯзи матбуоти тоҷик) дар Додгоҳи иқтисодии Душанбе доир шавад, ба 14-уми март вогузор шуд. Дар ин бора ба “Озодагон” Рустами Ҷонӣ, муассиси “Имрӯз Нюс” хабар дод.
“Тоҷирон” аз болои Файзиннисо Воҳидова ва “Имрӯз Нюс” ба Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе шикоят бурда, аз вакили мудофеъ 50 ҳазор сомонӣ ва аз нашрия 1 сомонӣ ҷуброн талаб кардааст. Эътирози ширкати “Тоҷирон” аз нашри матлабе бо номи "Мурдафурӯшӣ дар ширкати "Тоҷирон" (Имрӯз Нюс) аст, ки аз ҳодисаи садамаи автомашинаи боркашонии ҶДММ "Тоҷирон" ва автомашинаи сабукрав дар роҳи Душанбе-Хуҷанд нақл мекунад.
Ин дар ҳолест, ки Файзиннисо Ваҳидова, вакили мудофеъ, дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, барои созиш бо ҳеч тараф розӣ намешавад ва дар ин баҳс худро гунаҳкор ҳам намеҳисобад. “Дар рӯзнома ин матлаб дар шакли мусоҳиба чоп шудааст ва ман муаллифи матлаб нестам, балки ҳамчун ҳуқуқшинос ба суолҳо посух ва баҳои ҳуқуқӣ додаам.” Гузашта аз ин, Воҳидова баррасии ин парванда дар Додгоҳи иқтисодиро нодуруст ҳисобида ва ният дорад, дар ин замина ба додгоҳ дархост пешниҳод кунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |