Бо пешниҳоди Хайруллоев 50 низомӣ аз зиндон озод шудаанд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо пешниҳоди Шералӣ Хайруллоев, вазири дифои кишвар, 70 низомиро, ки дар гузашта ҷиноят содир кардаанд, афв намудааст.
Дар ин бора ба хабаргузории “Озодагон” Одинашо Муродов, сухангӯи Идораи зиндонҳои Тоҷикистон, хабар дода, афзуд, ин иқдом ба муносибати 20-умин солгарди Артиши Миллӣ сурат гирифтааст: “Ҳамагӣ 50 аскару афсари собиқи артиш, ки дар гузашта бо ҷурмҳои мухталиф зиндонӣ шуда буданд, озод гардида ва ба хонаҳояшон рафтанд.”
Ба иттилои масъулини Идораи зиндонҳои Тоҷикистон инчунин дар доираи ин афв муҳлати ҳабси 20 низомии собиқ низ кам карда шудааст. Ин ниҳод мегӯяд, ба низомиёне, ки ҷиноятҳои вазнин, аз қабили куштор ва қочоқи маводи мухаддир содир кардаанд, афв дахл накардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |