Нигаронии мақомоти рус аз кӯдакони бесаробони тоҷик
Мақомоти Русия мегӯянд, боздошти муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар ин кишвар фарзандони ноболиғи онҳоро бесаробон мондааст.
Светлана Агапитова, масъули ҳуқуқи кӯдак дар Санкт Питербург, дар суҳбат бо хабаргузориҳои рус гуфтааст, тайи моҳи феврал, амалиёти боздошти муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар ин шаҳр боиси он шудааст, ки ҳудуди 25 кӯдаки муҳоҷирини тоҷик бесаробон мондаанд: “Додани онҳо хонаи кӯдакон ба далели надоштани табаияти Русия ғайриимкон аст ва инчунин хориҷ кардани онҳо низ мумкин нест. Қонунгузории мо чӣ кор кардан бо фарзандони муҳоҷирони ғайриқонуниро муқаррар накардааст. Айни ҳол муваққатан аз 25 кӯдак қисмеашон дар хонаи кӯдакон ва боқимонда дар беморхона қарор доранд.”
Ҳомиёни ҳуқуқи кӯдаки Русия гуфтаанд, барои ҳалли мушкили кӯдакони бесаробони тоҷик ба сафорати Тоҷикистон дар Маскав муроҷиат кардаанд, аммо аз он ҷо то ҳол ҷавобе нарасидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |