Як шаҳрванди ноҳияи Хуросон вилояти Хатлон бо ҷурми куштор ба боздошт гардид.
Тавре ба «Озодагон» аз дафтари матбуотии ВКД хабар доданд, рӯзи 3-юми июли соли равон Анвар Ҳакимови 34- сола, ки сокини деҳаи Хумдон, ҷамоати Қизил-Қалъаи ноҳияи Хуросон мебошад, дар назди соҳили рӯди Вахш дар ҳолати масти бо шаҳрванд Маҳмадризо Қурбонов ҷанҷол намуда, бо корд 2-маротиба ба пушти қафаси сина аз тарафи дили ӯ задааст. Дар натиҷаи захми бардошта Маҳмадризо Қурбонов дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Далели шайъӣ, корд гирифта шуда, тафтишоти қазия идома дорад.{jathumbnail off}
Мӯҳр