Чавес пас аз чанд соли "мубориза" бо саратон даргузашт
Ҳуго Чавес, раисҷумҳури Венесуэла, дар синни 59-солагӣ даргузашт.
Николас Мадуро, ноиби раисиҷумҳури Венесуэлла дар ҳоле хабари фавти Чавесро аз тариқи шабакаҳои миллии кишвараш ироа мекард, ки ашк аз чашмонаш ҷорӣ буд.
Венесуэла дар робита ба даргузашти раисҷумҳур ҳафт рӯз мотам хоҳад дошт. Элиас Хауа, вазири умури хориҷии Венесуэла, гуфтааст, расми видоъ бо президент се рӯз (чоршанбе, панҷшанбе ва ҷумъа) идома меёбад, то теъдоди бештари сокинони кишвар ин имконро дошта бошанд, ки бо ӯ видоъ намоянд.
Маросими давлатии видоъ бо Чавес соати 10:00 (19:30 ба вақти Душанбе) баргузор мегардад.
То интихоботи раёсати ҷумҳур Николас Мадуро роҳбарии кишварро бар дӯш мегирад. Мадуро зимни баромади телевизионӣ маризии Ҳуго Чавесро амали душманони ӯ арзёбӣ кардааст.
Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, бидуни изҳори ҳамдардӣ гуфтааст, Венесуэла "саҳифаи наверо дар таърихи худ боз мекунад». Ба гуфтаи вай Иёлоти Муттаҳида дар ин лаҳзаҳои душвор ба мардуми Венесуэла дастгирии худро дареғ намедорад.
Стивен Харпер, нахуствазири Канада, ҳам гуфтааст, «мардуми Венесуэла акнун метавонанд барои худ ояндаи дурахшоне, ки дар пояи меъёрҳои озодӣ, демократия, ва эҳтироми ҳақи инсон асос ёфтаанд, бунёд созанд». Вилям Ҳейг, вазири умури хориҷии Бритониё, изҳор доштааст, ки «аз хабари марги Чавес ғамгин шудааст».
Дар робита ба марги Чавес роҳбарони кишвар ва ҳукуматҳое ҳам назири Чили, ҷумҳурии Доминик, Ямайка, Колумбия, Мексика изҳор доштаанд ва ҳамчунин Дабири кулли СММ, созмони кишварҳои Амрикои Марказӣ, намояндаи доимии Русия дар СММ ба мардуми Венесуэла изҳори ҳамдардӣ кардаанд. Раисиҷумҳурони Боливия ва Аргентина мулоқоти банақшагирифтаро лағв карда, ба Венесуэла рафтанд.
Дар мавриди номаи тасалияти Эмомалӣ Раҳмон ҳоло хабаре нест.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |