Ифшои санадҳои расвоии хонадони Саудӣ ва равобити Риёзу Лондон
Тасмими додгоҳи Бритониё дар мавриди интишори бархе санадҳои вобаста ба хонадони Саудӣ, ки расвоӣ ва фасоди молии онҳоро ифшо мекунад, равобити ин кишвар бо Арабистонро дар остонаи бӯҳрон қарор додааст.
Ба гузориши хабаргузории Форс, ба нақл аз пойгоҳи хабарии “Ал-араб Онлайн”, тасмими додгоҳ дар Бритониё дар бораи ифшои санади расвоӣ ва асодҳои молии чанд шоҳзодаи Саудӣ, муносибатҳои Саудӣ ва Бритониёро дар остонаи низои судӣ ва сиёсӣ қарор додааст. Додгоҳ эълон кардааст, ин санадҳоро барои интишор дар ихтиёри ду рӯзномаи Бритониё - “Гордиан” ва “Файнаншел Таймз” қарор медиҳад. Ин санадҳо ифшокунандаи қарордодҳои ғайриқонунии имзошуда тавассути шоҳзодагони Саудӣ дар Бейрут, пойтахти Лубнон ва Нейробӣ, пойтахти Кения ҳастанд.
Манобеи огоҳ дар рӯзномаи англисии “Гордиан” дар пойгоҳи электронии ин рӯзнома навиштанд, ин санадҳо иттиҳомоти ҳассос ва муҳимеро ба шуморе аз аъзои хонадони Саудӣ, хонадони ҳоким бар Арабистон, ворид мекунад ва бешубҳа бозтоби интишори ин санадҳо бар равобити ин кишвар бо Амрико низ таъсиргузор аст. Ба назар мерасад, далелҳои мавҷуда дар ин санадҳо чунон мустаҳкам ҳастанд, ки шоҳзодагони Саудиро, ки дар ин қазия дахл доранд, маҳкум хоҳад кард.
Манобеи огоҳ дар бораи ин парванда гуфтанд, қазия бо фурӯши саҳмияҳое ба арзиши 6,7 миллион доллар дар ширкатҳое иртибот пайдо мекунад, ки дар он яке аз шоҳзодагон ба сурати ғайриқонунӣ ширкат дошт ва ҳамин мавзуъ сабаби вуқуи ихтилофоте байни он бо дигар шарикон шудааст. Вакили вижаи шоҳзода Машъал бин Абдулазиз оли Саудӣ, яке аз афроди дахлдор дар ин қазия, гуфт, онҳо хостори таҷдиди назар дар ҳукми содир шуда тавассути додгоҳ алайҳи шоҳзода Машъал ва шоҳзода Абдулазиз, фарзанди вай, хоҳанд шуд.
Шоҳзода Машъал бин Абдулазиз, раиси шурои байъат дар Арабистони Саудӣ аст, ки ҳамчун дигар шоҳзодагони насли аввали Саудӣ, аз мушкилоти ҷисмонӣ ранҷ мебарад. Ҳукми ниҳоӣ, ки додгоҳи Бритониё дар бораи ин парванда содир мекунад, нишон медиҳад, ки дастгоҳи қазоии Бритониё нисбат ба қазияи ҳассос ва таъсиргузори байналмилалӣ то чи андоза бо шаффофият ва мустақил амал хоҳад кард.
Вакилҳои ширкати “Глобал Шел Ти Ди”, ки шоҳзода Машъал дар он саҳм дорад, ба ин боваранд, ки чунин қазияҳои ҳасосе набояд дар додгоҳҳои васеъ расидагӣ шавад ва барои расидагӣ ба ин парвандаҳо бояд додгоҳҳо пушти дарҳои баста баргузор шаванд. Онҳо мегӯянд, интишори тафсилоте аз ин қазия мумкин аст, шоҳзода Машъал ва ҳамчунин Имод Алшайх, мудири ширкати “Еф Ти Кул Ел Ти Ди”-ро дар маърази хатари воқеӣ қарор диҳад ва ҳатто кор ба талош барои террори онҳо тавассути афрод ва ширкатҳои дорои манофеъ дар ин қазия, кашида шавад.
Шоҳзода Машъал бин Абдулазиз аз ҷумлаи шоҳзодагони Саудист, ки дороиҳо, амвол ва амлоки вай бо баҳс ва ҷадалҳои бисёре рубарӯ аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |