Идона. 14-долларӣ ҳадяи раисиҷумҳур ба занон
Ба муносибати иди байналмилалии занон дар Туркманистон ба ҳар бону туҳфаи молӣ ва барои модарони серфарзанд унвони фахрӣ дода мешавад.
Тавре расонаи хабарии «Turkmenistan.ru» иттилоъ медиҳад, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон, дастур додааст, ба муносибати 8-уми март ба ҳар намояндаи ҷинси латиф дар ин кишвар, сарфи назар аз синни сол ва мақом, 14 доллари амрикоӣ тақдим карда шавад. Таъкид шудааст, ки ин ҳадяи раисҷумҳури Туркманистон ба тамоми занони ин кишвар, аз муҳассилини боғчаҳо то бознишастагон дар шакли нақд дода мешавад.
Инчунин ҷаноби Бердимуҳаммадов дастур додааст, ба модароне, ки зиёда аз ҳафт фарзанд ба дунё овардаю тарбия намудаанд, унвони фахрӣ дода шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |