Қирғизистон сафари духтаронро ба хориҷ маҳдуд мекунад?
Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, барои анҷоми сафарҳои хориҷӣ занони узбак бештар аз шиносномаҳои қирғизӣ истифода мекунанд.
Ургала Қадуралиева, вакили Қирғизистон, зимни баромадаш дар парлумон иттилоъ додааст, ки то ҳол 22 зани узбакистонӣ боздошт шудаанд, ки талош кардаанд, соҳиби шиносномаи қирғизӣ гарданд. Вакили қирғиз гуфтааст, “дар Узбакистон барои рафтани занони то 35-сола ба хориҷ маҳдудиятҳо вуҷуд дорад. Аз ин рӯ онҳо аввал ба Қирғизистон омада, шиносномаи дохилии ин кишварро ба тариқи ришва харидорӣ менамоянд ва баъдан ба кишварҳои хориҷ сафар мекунанд.”
Ба гуфтаи Қадуралиева маҳдудиятҳои ҷорикардаи ҳукумати Узбакистон барои ҷилавгирӣ аз шуғлҳои номатлуби ҷавондухтарони узбак дар кишварҳои хориҷӣ роҳандозӣ шудаанд. Бо назардошти ин мақомоти қирғиз низ, пешнависи қонунеро таҳия кардаанд, ки бар асоси он духтарони то 23-солаи ин кишвар бе иҷозати расмии волидайни худ наметавонанд ба хориҷ аз кишвар сафар намоянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |