Теъдоди муддаиёни ҷоизаи Нобел ба ҳадди рекордӣ расид
259 номзад, бо шумули 50 созмон, муддаии ҷоизаи Нобел ҳастанд. Ин рақам нишондоди рекордӣ маҳсуб мешавад. Соли 2011 барои соҳиби ҷоиза шудан 241 номзад талош карда буд.
Бар асоси қоидаҳои Кумитаи нобел феҳрасти муддаиён баъди панҷоҳ соли тақдими он махфӣ нигоҳ дошта мешавад. Аммо бино ба навиштаи расонаҳо аз ҳоло маълум аст, ки Билл Клинтон, раисиҷумҳури собиқи Амрико, созмони дифоъ аз ҳуқуқи «Мемориал»-и Русия ва Малай Юсуфзай, хонандаи покистонӣ, ки аз дасти Толибон ҷароҳати вазнин бардошт, дар қатори номзадҳоянд.
Соли 2012 ҷоизаи сулҳи Нобел барои рушди демократия дар минтақа ба Иттиҳоди Аврупо тақдим шуд. Ҷоизаи сулҳи Нобел соли 1901 таъсис ёфта, соли аввал барои дарёфти он 136 номзад талош карданд. Барак Обама, Далай Лама, Ёсир Арафот, Алберт Гор, Генри Киссинҷер аз ҷумлаи ҷоизадорони ҷоизаи сулҳи Нобеланд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |