Хисороти заминҷунбӣ дар Ванҷ. Ҳақ бо мардум, ё масъулин?

Ибодуллоҳи ТОҲИР
Сокинони ноҳияи Ванҷ мегӯянд, заминҷунбӣ дар Ванҷ ҳамоно идома дорад, аммо масъулин то ҳол ба назди мардум наомадаанд.
Шуҷоат Абдуллоев, як сокини деҳаи Седи ҷамоати деҳоти Техарв, дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, дар пайи заминларзаи севуми март девори аксар хонаҳо кафидааст. “Дар деҳаи ҳамсоя низ хонаҳо қисман зарар дида, чанд оғилхона хароб шудааст”,-гуфт ӯ. Абдуллоев илова кард, “Худоро шукр, ки пас аз ин қадар сахт такон хӯрдани замин ҷон ба саломат бурдаем. Ҳарчанд хонаҳоямон қисман зарар дида дар ҳолати садамавӣ қарор гирифтааст, дар ҳамон ҷо рӯзамонро мегузаронем.”
Ин дар ҳолест, ки ба қавли сокинон то ҳол нафаре аз масъулон ба деҳаи Сед наомадаанд. “Агар масъулин ба деҳаҳои наздик ба марказ нарафта бошанд, то ҳол ягон (зизлиласанҷ) ё намедонам нафаре аз масъулин ба назди мардуми деҳаи Сед омада сӯҳбат накардааст.”
Саъдоншо Аҳёев, директори мактаби миёнаи №15-и деҳаи Ҷовидони ноҳияи Ванҷ, зимни сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт: “Дар воқеъ, рӯзи 3-юми март заминларзаи сахт ба вуқуъ омад, ки бар асари ин ҳодиса хонаҳои мардуми ноҳия қисман зарар диданд. Ҳоло ҳам эҳсос мешавад, ки замин меҷунбад, аммо то ҳол масъулини ситоди ҳолатҳои фавқулода ва ё ягон нафари дигаре аз масъулин ба мактаб ё ба назди мардум наомадаанд.”
Дар ҳамин ҳол, Юсуф Исоқов, сардори ситоди ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Ванҷ, вазъиятро ором арзёбӣ намуда гуфтаҳои мардумро дасисаи беасос хонд. “Мо комисияи ҳолатҳои фавқулода дар назди ҷамоатҳо ташкил намудаем, ки ба деҳаҳо рафта хисороти расидаро муайян мекунанд. Ягон хона чаппа нашудааст, балки девори баъзе хонаҳо кафида аст. Ман ҳам худам аз ҳамон тарафҳоям, мардум воҳима карда гаштан мегиранд.”
Ба итилои Маркази зилзилашиносии Тоҷикистон, заминҷунбӣ субҳи 3-юми март дар 250 километрии шарқи Душанбе, дар ҳудуди вилояти Бадахшон сабт шуда, қуввааш дар маркази заминҷунбӣ 5 бал, ноҳияи Ванҷ 4-5 бал, Хоруғ 2-3 бал ва минтақаи Ғарм 3-4 бал аз рӯи ҷадвали Рихтерро ташкил додааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |