Созмони авфи байналмилал (Amnesty International) алайҳи истирдоди Абдумалик Абдуллоҷонов, собиқ сарвазири Тоҷикистон аз Украина ба Душанбе изҳорот пахш карда, озодии ӯро талаб кардааст.
Ин созмон бо пахши баёния изҳор боварӣ кардааст, ки боздошт ва талаби истирдоди Абдуллоҷонов ба интихоботи президентии моҳи ноябри соли 2013 дар Тоҷикистон рабт дорад. Amnesty International таъкид кардааст, ки дар арафаи интихоботи президентӣ, ҳукумати Тоҷикистон маъракаи густурдае пеш гирифтааст, ки барои саркӯб ва хомӯш намудани мухолифини он равона шудааст. Ин созмон афзудааст, Абдуллоҷонов дар сурати истирдодаш ба Душанбе мавриди шиканҷа ва ноадолатиҳои судӣ қарор хоҳад гирифт.
Дар баёния омадааст, “Абдуллоҷонов аз роҳбарони аршади мухолифини ҳукумати феълии Тоҷикистон маҳсуб меёбад ва аз ҷониби мақомоти тоҷик дар ҷиноятҳое муттаҳам мешавад, ки аз ҷанги шаҳрвандӣ ва мубориза барои қудрат дар солҳои 90-ум реша мегиранд. Аммо Абдуллоҷонов иттиҳомоти мақомоти тоҷикро дар терроризм ва созмони гуруҳи ҷиноӣ рад карда, моҳи июни соли 1999 дар Амрико паноҳгоҳи сиёсӣ дарёфтааст”
Изҳороти Amnesty International дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта, Созмони милали муттаҳид низ ба ҳимояи Абдуллоҷонов хеста, аз ҳукумати Украина талаб кард, то нафареро, ки дар Амрико ҳамчун гуреза эътироф шудааст, таҳти ҳимоят бигирад ва аз итирдодаш ба Душанбе ҷилавгирӣ кунад. СММ изҳори умед кардааст, ки “Украина дархости истирдоди ин фардро рад карда ва бар асоси асноди байналмилалии эътирофшуда, ӯро ҳарчӣ зудтар раҳо мекунад.”
Абдумалик Абдуллоҷонов, ки солҳои 1992 – 1995 сарвазири Тоҷикистон буд, рӯзи 5 феврал дар фурудгоҳи “Бориспол” бо мусоидати пулиси байналмилал Интерпол боздошт шуд. Мақомоти Тоҷикистон аз Украина хостаанд, ки ӯро ба Душанбе истирдод кунад. Абдумалик Абдуллоҷонов бо қарори додгоҳи Украина ва то замони баррасии дархости истирдоди ӯ барои 40 рӯз дар боздоштгоҳ хоҳад монд. Тибқи қонунҳои Украина, дар ин муддат мақомоти Тоҷикистон бояд санадҳои заруриро дар мавриди гунаҳгор будани ӯ пешниҳод кунанд ва дар асоси аснод, додгоҳ оиди истирдоди ӯ қарор қабул хоҳад кард.
Худи Абдуллоҷонов дар суҳбат бо хабаргузориҳо гуфтааст, боздошти ӯ “як иштибоҳ” аст, ба он хотир, ки ӯ, ба унвони як паноҳандаи сиёсии ИМА ва шахси таҳти ҳимояи СММ, набояд ба Тоҷикистон истирдод шавад. Дар Тоҷикистон Абдуллоҷоновро дар содир кардани як қатор ҷиноятҳои сангин, аз қабили таъсиси гуруҳи ҷиноӣ, қасди ғасби ҳокимият, куштор ва терроризм, айбдор мекунанд.
Мӯҳр