Баҳриддин Ҳакимов, сарбози узбакистонӣ, ки солҳои 80-уми қарни гузашта дар ҷанги Афғонистон иштирок кардааст, бештар аз сӣ сол боз бедарак буд. Ахиран ӯ дар вилояти Ҳироти Афғонистон ёфт шудааст.
Александр Лаврентев, муовини сардори Кумитаи ҷанговарони интернатсионалисти ИДМ (СНГ), дар суҳбат ба хабаргузориҳо гуфтааст, “ёварон аз ҳисоби сокинони муқимии Афғонистон Ҳакимовро пайдо карданд. Айни ҳол номаш шайх Абдулло аст. Баҳриддин Ҳакимов зодаи Самарқанди Узбакистон буд, ки дар ҳайати низомиёни Шӯравӣ дар атрофи Ҳирот хидмат мекард. Моҳи сентябри соли 1980 сахт маҷруҳ шудааст, вале пиронсолони муқимӣ ӯро бо гиёҳҳои шифобахш табобат кардаанд. Худи шайх Абдулло ҳам ҳоло табиби мардумист.”
Александр Лаврентев афзудааст, “Ҳакимов дар Афғонистон як дафъа оиладор мешавад, вале ҳамсари ӯ фавтидааст. Фарзанд надорад ва тарзи ҳаёти нимкӯчманчиро пеш мебарад. Забони русиро мефаҳмад, аммо бо мушкилӣ гап мезанад. Тамоми пайвондонашро то даъват ба артиши Шӯравӣ беғалат номбар кардааст. Ҳакимов бисёр мехоҳад, наздиконашро бинад, агар онҳо вайро қабул кунанд.”
Масъулини Кумитаи ҷанговарони интернатсионалист мегӯянд, Ҳакимов дар рӯйхати аскарони гумшуда ду нафари дигарро ҳам шинохта гуфтааст, ки онҳоро дар Афғонистон дидааст. Кумитаи ҷанговарони интернатсионалист дар назди Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ моҳи марти 1992 таъсис ёфта, ҷустуҷӯи аскарони бедаракшуда яке аз бахшҳои муҳими кораш мебошад. Дар рӯйхати аскарони зимни ҷанги Афғонистон гумшуда 264 низомии Шӯравӣ қарор доранд, ки то ҳол Кумитаи ҷанговарони интернатсионалист 29 нафари онҳоро ёфтааст. 22 аскари ёфтшуда ба Ватан баргаштаанд, вале 7 нафарашон зиндагӣ дар Афғонистонро афзалтар донистаанд.
Мӯҳр