Имрӯз, 4-уми март баронессаи бритониёӣ, Вивиен Стерн бо сафари корӣ вориди шаҳри Душанбе гардид.
Тавре аз сафорати Британияи Кабир дар Душанбе ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, сафари Вивиен Стерн аз 4-ум то 6-уми март идома хоҳад кард. Ба иттилои манбаъ дар доираи сафари худ, Баронесса Стерн бо муовини вазири адлияи тоҷик, Изатулло Шарипов вохӯрда, дар ифтитоҳи маркази таълимии Раёсати муассисаҳои ислоҳотии Вазорати Адлия, ки аз тарафи Британия сармоягузорӣ шудааст, иштирок менамояд. Инчунин, вохӯрии Баронесса Стерн бо вазирону мансабдорон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар назар аст.
Масъулини сафорати Британияи Кабир мегӯянд, ин сафари сеюмини Баронесса Стерн ба Тоҷикистон аст. Ӯ қаблан, солҳои 2010 ва 2011 ба Тоҷикистон ташриф оварда буд.
Баронесса Стерн узви палатаи лордҳо ва узви кумитаи қонунгузории парлумони Британия мебошад. Ӯ аз соли 1989 то соли 2006 ҳамчун дабири кулли ташкилоти “Penal Reform International” адои вазифа намудааст. Қонуни ҷиноӣ, равобитҳои байналхалқӣ, ҳуқуқи инсон, рушди умумиҷаҳонӣ ва ислоҳоти муасисаҳои махсус аз доираҳои таваҷҷуҳи Баронесса Стерн арзёбӣ мешаванд. Стерн муаллифи якчанд китобҳо дар мавзӯи ислоҳоти муасисаҳои махсус мебошад.
Мӯҳр